Бонки миллӣ: Тангаҳоро дар хона захира накунед!

Date:

Ин изҳороти худро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки ахиран мардум ба ҷамъоварии пули майда шурӯъ намуда, ба миқдори зиёд онро дар хонаҳои худ захира мекунанд, ба қавле ба “копилка”-ҳояшон мепартоянд.

“Ин бошад, ба он оварда мерасонад, ки талабаот ба тангаҳо дар муомилот нисбат ба эҳтиёҷи аҳолӣ зиёд мешавад” – қайд карданд дар Бонки миллӣ”.

Таъкид шуд, ки барои қонеъ намудани талабот ба миқдори кофӣ тангаҳо ба муомилот бароварда мешаванд, лекин дар бораи миқдори умумии онҳо ё ҳисса дар таносуби фоизӣ ба ҳаҷми умумии пул дар муомилот маълумот дода нашуд.

Қобили зикр аст, ки ахиран тобистони соли гузашта Бонки миллӣ тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот баровард. Онҳо дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Тангаҳои барориши соли 2018 дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон тангаҳои арзишашон баробар ба 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 (панҷоҳ), ҳамчунин тангаҳои арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ дар гардиш қарор доранд.

Дар муомилот ҳамчунин тангаҳои силсилаи истеҳсоли солҳои 2001-2006 ва соли 2011 сикказанӣ шудаву 2 феврали соли 2013 ба муомилот баровардашуда низ истифода мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...