Боздошти тоҷикистонии фирорӣ дар фурудгоҳи Ереван

Date:

Дар шаҳри Ереван шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои фирор мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шуд, хабар медиҳад мақомоти пулиси Арманистон.

Гуфта мешавад, Р.Рустами 23-сола рӯзи 7 январ дар фурудгоҳи “Зватрнос” пас аз ба замин нишастани ҳавопаймои хатсайри Сочи – Ереван боздошт шудааст.

“Аз 27 январи соли 2016 ӯ аз ҷониби Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Қғрғонтеппа (феълан Бохтар) ба иттиҳоми содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375, қисми 3 Кодекси ҷиноятиии ҶТ (Фирор бо яроқе, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил содир шуда бошад) мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти пулиси Арманистон.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзи 3 январ дар ҳамин фурудгоҳ шаҳрванди Русия боздошт шудааст, ки мавриди ҷустуҷӯи ВКД Тоҷикистон қарор доштааст.

Таҳмина С. моҳи сентябри соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар хариду фурӯши одамон мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд, зикр мегардад дар хабар.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...