Кӯчаи дуюми марказии Душанбе аз маршруткаҳо холӣ мешавад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе шурӯъ аз 16 январ ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №33-ро дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мекунад. Минбаъд микроавтобусҳои №33 танҳо дар роҳи соҳили дарёи Душанбе ба мусофирон хизмат мерасонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе шурӯъ аз 16 январ ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №33-ро дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мекунад. Минбаъд микроавтобусҳои №33 танҳо дар роҳи соҳили дарёи Душанбе ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан ҳаракати микроавтобусҳои №№2, 19 ва 52 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ гардида буд. Ҳамин тариқ, ин кӯчаи пойтахт аз ҳаракати микроавтобусҳои мусофирбар комилан холӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин самт ҳаракати автобусҳои №2 (Терминали мусофирбарии Шарқ-транс – Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ), автобусҳои №18 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Пахтакор), троллейбусҳои №4 (маҳаллаи Гулбутта – Фурудгоҳ),     №12 (Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта) зиёд карда шуда, фосилаи ҳаракати онҳо кам карда мешавад.

Мебояд гуфт, имрӯз ҳаракати микоавтобусҳои мусофирбар дар хиёбони Рӯдакӣ низ манъ буда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.