Раиси Кумитаи давлатии идораи замин раиси вилояти Хатлон таъин шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз вазифааш озод шуд. Ба ҷойи ӯ акнун собиқ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъин гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа […]

Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз вазифааш озод шуд. Ба ҷойи ӯ акнун собиқ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Ибодзодаро иваз намуд, ки сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин шуд.

Бо фармони президент ҳамчунин чанде аз сафирон дар кишварҳои хориҷӣ иваз шуданд:

– Шералӣ Ҷонон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон озод шуд;

– Назирмад Ализода або сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамзамон дар Муғулистон озод шуд;

– Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ҳамзамон сафир дар Ҷусҳурии Литва таъин шуд.

Гуфта мешавад, ваколати Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ Мирзосафар Назриев бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.