Прокуратураи генералӣ муноқиша дар Хоруғро тафтиш мекунад

Шоми 13 январ дар шаҳри Хоруғ байни сокинони маҳаллӣ ва кормандони милитсия муноқишаи лафзӣ рух дода, сипас ба ҷангу ҷанҷол табдил ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ. “Байни онҳо муноқишаи лафзӣ оғоз гардида, сипас ба таҳқиру ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба корманди милитсия табдил ёфт, ки дар посгоҳ қарор дошт. Вақте ба […]

Шоми 13 январ дар шаҳри Хоруғ байни сокинони маҳаллӣ ва кормандони милитсия муноқишаи лафзӣ рух дода, сипас ба ҷангу ҷанҷол табдил ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

“Байни онҳо муноқишаи лафзӣ оғоз гардида, сипас ба таҳқиру ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба корманди милитсия табдил ёфт, ки дар посгоҳ қарор дошт. Вақте ба корманди милитсия дармеафтанд, ӯ ба истифодаи силоҳи ҷароҳатдеҳ (пневматикӣ) ҳуқуқ дорад. Дар ин ҳолат воқеа ҳамин тавр сурат гирифт”, – қайд кард ӯ.

Котиби матбуотии Вазорат аз ифшои ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ варзида, зикр кард, ки айни замон Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел тафтиш мегузаронад ва маълумоти муфассалро онҳо дошта метавонанд.

Тибқи маълумоти охир дар ин маврид, марде, ки ҷароҳат бардоштаву сабабгори асосии муноқиша ҳисобида мешавад, дар бемористон бистарӣ аст. Ҳеҷ касе ба ҳабс гирифта нашудааст.

То кунун ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ин бора маълумот дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Саидмансур Шоиқов дар гурӯҳи пӯшидаи Pamir News дар Facebook менависад, ки муноқишаву ҷанҷол бо он сабаб рух додааст, ки автомашинаи ҳарбиён ба автомашинаи сокинони маҳаллӣ роҳ надодааст, ҳарчанд тибқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бояд ба ин автомашина роҳ медод.

“Лекин ҳарбиён ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, ба таҳқири ронанда шурӯъ намуданд”, – қайд мекунад Шоиқов.

Ба навиштаи муаллиф, ҳарбиён (кормандони ОМОН) дар автомашинаҳо ба таъқиби автомашинаи сокинони маҳаллӣ пардохта, онҳоро дар гузаргоҳи маркази шаҳр дарёб мекунанд ва дар он ҷо нахуст муноқишаи шифоҳӣ ва сипас тирпарронӣ сурат мегирад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.