Садамаи ҳавопаймои аз Қирғизистон парвозкарда дар Эрон

Ҳавопаймое, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 14 январ ҳавопаймои Boeing 707, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард. Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба ширкати эронӣ тааллуқ дошта, аз Қирғизистон ба Эрон парвози чартерӣ анҷом медод. Дар ин бора Алия Қурбонова, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳавопаймое, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 14 январ ҳавопаймои Boeing 707, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба ширкати эронӣ тааллуқ дошта, аз Қирғизистон ба Эрон парвози чартерӣ анҷом медод. Дар ин бора Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳавопаймо соати 7:16 ба вақти Бишкек аз фурудгоҳи "Манас" парвоз карда будааст.

Дар ҳоли ҳозир иттилои расмие дар бораи шумори қурбониён нашр нашудааст. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки дар дохили ҳавопаймо 9 одам ҳузур дошт. Эҳтимол дорад, шумори қурбониҳо аз 9 то ба 16 кас расад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.