Чӣ гуна дар Душанбе наврасони бемори аутизмро бо кор таъмин карданд

Дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Дар як замин”, ки дар он наврасони бемори аутизм кор мекунанд, метавон маснӯоти болаззати қаннодӣ дарёфт кард. Онҳо дар иттиҳодияи ҷамъиятии “Ирода” аз давраҳои омӯзишӣ гузашта, ҳамин иттиҳодия барои онҳо ҷойҳои корӣ таъсис дод. “Аксари онҳо дар бораи хатми мактаб ё коллеҷ шаҳодатнома дошта, лекин ҳеҷ касе аз онҳо кор пайдо карда […]

Asia-Plus

Дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Дар як замин”, ки дар он наврасони бемори аутизм кор мекунанд, метавон маснӯоти болаззати қаннодӣ дарёфт кард.

Онҳо дар иттиҳодияи ҷамъиятии “Ирода” аз давраҳои омӯзишӣ гузашта, ҳамин иттиҳодия барои онҳо ҷойҳои корӣ таъсис дод.

“Аксари онҳо дар бораи хатми мактаб ё коллеҷ шаҳодатнома дошта, лекин ҳеҷ касе аз онҳо кор пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки махсус барои онҳо натанҳо давраҳои омӯзишии касби қаннодиро ба роҳ монем, балки ҷойҳои корӣ низ таъсис диҳем”, – мегӯяд Лола Насриддинова, роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии “Ирода”.

Наврасон дар ин ҷо дар ним баст кор карда, дар як моҳ ҳамагӣ 200 сомонӣ пул кор мекунанд. Вақти боқимондаро дар курсҳои таълимии бепул ва чорабиниҳои иттиҳдоияи “Ирода”мегузаронанд. Айни замон иттиҳодия 25 навраси бемори аутизмро дастгирӣ мекунад. Қаҳвахонаи иҷтимоӣ дар бинои мактаби №72, дар кӯчаи Мушфиқӣ, 109 воқеъ аст.

Аутизм беморие мебошад, ки вазъи равонӣ дар ҳолати дардмандӣ қарор дошта, шахс ба худ гирифтор мешавад ва мехоҳад, ки аз робита бо муҳити атроф дар канор бошад.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.