Тавсияи роҳандозии “қоидаҳои бозӣ”-и ягона барои ҳамаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки се соли наздик (солҳои 2019-2021) афзоиши солонаи ҳаҷми иқтисод дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳудуди 6% мешавад. Бо вуҷуди ин, қайд мекунанд онҳо, осебпазирии кишвар аз омилҳои беруна ва дохилӣ боқӣ мемонад. Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлати Тоҷикистон ба ҷараёни мусбат […]

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки се соли наздик (солҳои 2019-2021) афзоиши солонаи ҳаҷми иқтисод дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳудуди 6% мешавад. Бо вуҷуди ин, қайд мекунанд онҳо, осебпазирии кишвар аз омилҳои беруна ва дохилӣ боқӣ мемонад.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлати Тоҷикистон ба ҷараёни мусбат гувоҳӣ дода, афзоиши иқтисоди Русия, болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии содиротӣ (нахи пахта ва алюминий), густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ба воридоти хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориш огоҳ мекунанд, ки сохтори иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба омилҳои беруна ва дохилии хавфҳо осебпазир боқӣ мемонад.

“Бо мақсади баланд бардоштани қобилияти ба ҳаёт мутобиқ будани иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини суботи макроиқтисодӣ, ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки аз ҳисоби беҳбуди самаранокии хароҷоти давлатӣ, сифати ҷамъоварии андоз ва мусоидат ба рушди босуръати бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ, ба баргузории ислоҳот дар соҳаи молияи давлатӣ суръат бахшад”, – тавсия медиҳанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

Роҳандозии “қоидаҳои бозӣ”-и ягона барои ҳамаи субъектҳои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, такмили тарзи идоракунии корхонаҳои давлатии зиёновар ва сармоягузорӣ ба сармояи инсониро дар ин самт онҳо ҳаётан муҳим мешуморанд.

Дар гузориш хулоса мешавад, ки табдили иқтисоди кишвар ба индустриалӣ-инноватсионӣ, ки ҳамчун нақшаи беҳтарин дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 зикр шудааст, бидуни талошҳо бобати комилан ба сатҳи сифатан нав баровардани ислоҳотҳо ғайриимкон аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.