Рустами Эмомалӣ дар Хоруғ 5 майдончаи замонавии варзишӣ месозад

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят  баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи  вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуда,  роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар […]

АМИТ “Ховар”

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят  баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи  вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуда,  роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли 2018 маълумот дод ва ба кулли мураббиёне, ки ба тарбияи варзишгарони ҷавон машғуланд, изҳори сипос намуд.

Гуфта мешавад, ба андешаи роҳбарияти вилоят, соли 2018 барои варзишгарони вилоят соли дастоварду комёбиҳо ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол   варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 аз ҷониби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа  ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло  шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.