СААД то охири сол барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро қабул мекунад

Лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳадафнок оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳия ва ба муофиқаи дохилидавлатӣ фиристода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон. Дар муҳлати се моҳ ҳамаи кишварҳои узви Созмон – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд хулосаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳадафнок оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳия ва ба муофиқаи дохилидавлатӣ фиристода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Дар муҳлати се моҳ ҳамаи кишварҳои узви Созмон – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд хулосаҳои худро дар мавриди ин барнома ба котиби СААД пешниҳод намоянд.

Баъди аз ҷониби ҳамаи давлатҳои узви Созмон дастгирӣ ёфтани барномаи ҳадафнок, Тоҷикистон барои таҳкими сарҳадаш бо Афғонистон ба сифати воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, таҷҳизоти мушоҳидаи шабона (дурбинҳои шабона), техникаи зиреҳпӯш ва автомобилӣ кумак гирифта метавонад.

Қобили зикр аст, ки 23 сентябри соли 2013 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Сочи тасмим гирифт, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон кумаки низомӣ-техникӣ мерасонад.

Он замон пас аз шунидани гузориши Дабири кулли СААД Николай Бордюжа доир ба таҳқиқи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон, сарони кишварҳои Созмон тасмим гирифтанд, ки роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пурзӯр кардани посбонии ин қитъаи марзи минтақаи фарогири Созмон мувофиқи мақсад аст.

Зикр гардида буд, ки бар асоси дархости Тоҷикистон, кишварҳои узви СААД дар муҳлати се моҳ мувофиқи имкони худ ба сарҳадбонони ин кишвар бепул кумаки низомӣ-техникӣ мерасонанд.

Аммо бо гузашти панҷ соли минбаъда баҳри таҳкими марзҳои ҷанубии Созмон ба Тоҷикистон ҳеҷ кумаки назаррасе нарасид. Танҳо Беларус барои сарҳадбонони тоҷик як миқдор сарулибоси ҳарбӣ фиристода, Арманистон Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо якчанд автомашинаи боркаш таъмин намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.