Усмон Тошев: “Бачаҳо ҳис карданд, ки ғолиб меоянд”

Сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев дар бораи ғалабаи шогирдонаш бар дастаи Эрон дар бозии аввали мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар изҳори назар кард. “Бачаҳо ҳис карданд, ки ғолиб меоянд. Лекин хатогиҳо зиёданд. Дар бозии аввал пирӯзӣ ва се имтиёз ба даст овардан лозим  буд, аз ин рӯ, ҳаяҷону изтироб ҳис мешуд. […]

Сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев дар бораи ғалабаи шогирдонаш бар дастаи Эрон дар бозии аввали мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар изҳори назар кард.

“Бачаҳо ҳис карданд, ки ғолиб меоянд. Лекин хатогиҳо зиёданд. Дар бозии аввал пирӯзӣ ва се имтиёз ба даст овардан лозим  буд, аз ин рӯ, ҳаяҷону изтироб ҳис мешуд. Ман аз кӯшишу талошҳои онҳо дар майдон қаноатмандам. Муҳимаш онҳо дастурҳоро иҷро карда, хуб кор мекунанд”, – оварда шудааст гуфтаҳои сармураббӣ дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи сармураббӣ, худи бозӣ низ шавқовар сурат гирифт.

“Футболбозон иродаи матин нишон дода, ду тӯб ворид дарвозаи ҳариф намуданд. Ин ҳам аз лиҳози равонӣ хеле муҳим аст, аз ин рӯ, корро идома медиҳем. Ҳоло вақт ҳаст, бозӣ аз идеалӣ ҳоло дур аст, бинобар ин, тамрину ба пешравӣ ноил гардидан зарур мебошад. Бар ин назарам, ки аз ҳама муҳимаш ҳамаҷониба омода шудан ба бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2020 мебошад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешаванд”, – қайд кардааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии ифтитоҳи мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик бар дастаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон футболбози беҳтарини мавсими соли гузашта Эҳсони Панҷшанбе ва Шериддин Бобоев ба ҳадаф расониданд.

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 2-юм

18 январ (ҷумъа)

19:30 – Эрон – Кувейт

21:30 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

21 январ (душанбе)

19:30 – ТОҶИКИСТОН – Кувейт

21:30 – Қатар – Эрон

Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.