Тармафароиҳо роҳи мошингардро ба шаҳри Хоруғ бастанд

Барфрезиҳои зиёди рӯзи 16 январ ба якчанд ҳодисаи тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб боис гардиданд. Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании […]

Барфрезиҳои зиёди рӯзи 16 январ ба якчанд ҳодисаи тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб боис гардиданд.

Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, тарма дар роҳи Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ –Мурғоб сабабгори қатъи муваққатии ҳаракати мошинҳо шуда, роҳи мошингарди Рашт – Сангвор – Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз тармаи фаромада ба деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон се манзил қисман осеб дида, талафоти ҷонӣ нест ва мардум аз он эмин мондаанд. Ба сокинони манзилҳои осебдида ҳукумати маҳаллӣ кумак мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷойҳои лағзиши тарма техникаи поккунандаи роҳ сафарбар шуда, дар муддати кутоҳ роҳҳо барои аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо омода мешаванд.

Дигар роҳҳои мошингарди кишвар аз пойтахт ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт боз аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар давраи аз 17 то 20 январ дар доманаҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб – Анзоб), мавзеи кӯҳистони ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи ғарби ВМКБ (Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим) эҳтимоли хавфи тармафроӣ боқӣ мемонад.

Дар шоҳроҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва хатари тармафароиҳо имкон дорад. Дар аксар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳӣ туман боқӣ мондааст, ки ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Рӯзи 20 январ дар ҷумҳурӣ (ба ҷуз ВМКБ) обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо боришоти шадид дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.