Афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз интизориҳои ҳукумат зиёдтар шуд

Афзоиши ҳаҷми воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод, ки 0,3% банди фоизӣ аз интизориҳои ҳукумат бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и истеҳсолшуда дар ҳаҷми беш аз 68,8 млрд. сомонӣ (зиёда аз 7,3 млрд. доллар) ташаккул ёфт, ки дар таносуби нархҳои қиёсӣ нисбат […]

Афзоиши ҳаҷми воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод, ки 0,3% банди фоизӣ аз интизориҳои ҳукумат бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и истеҳсолшуда дар ҳаҷми беш аз 68,8 млрд. сомонӣ (зиёда аз 7,3 млрд. доллар) ташаккул ёфт, ки дар таносуби нархҳои қиёсӣ нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7,3% зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи соҳаи саноат ва бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД кишвар қариб баробар шуд: мутаносибан 18,7% ва 17,3%. Лекин ин ба афзоиши назарраси ҳиссаи саноат (соли 2017 – 17%) вобаста набуда, баръакс ба коҳиши назарраси ҳиссаи бахши кишоварзӣ вобаста аст: аз 21,1% дар соли 2017 то ба 18,7% дар соли 2018.

Ҳиисаи савдо дар сохтори ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон – 14%, нақлиёт – 10,8%, андозҳо – 10,6% ва сохтмон – 9,7%-ро ташкил дод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши ҳаҷми ММД-ро дар сатҳи 7% пешгӯӣ карда буд. Имсол низ дар ҳамин сатҳ афзоиш пешбинӣ шудааст.

Коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 – дар сатҳи 5%, Бонки осиёгии рушд – 6%, иқтисолдчиёни Бонки авруосиёии рушд – 7,1% пешгӯӣ карда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.