Воридот ба Тоҷикистон се баробар зиёд аз содирот аст

Соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 6,3% афзуда, зиёда аз 4,2 млрд. долларро ташкил дод. Афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ сурат гирифт. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,1 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 […]

Соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 6,3% афзуда, зиёда аз 4,2 млрд. долларро ташкил дод. Афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,1 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 – 13,5% зиёдтар аст.

Наздики чоряк ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба кишварро воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли пешин ҳаҷми воридоти чунин маҳсулот қариб ним баробар афзудааст.

Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2018 ба андозаи 10% кам шуда, ҳамагӣ ба ҳудуди 1,1 млрд. доллар баробар аст.

Беш аз нисфи молу маҳсулот дар сохтори содиротии кишвар ба маҳсулоти минералӣ рост меояд.

Фурӯши яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар – нахи пахта соли сипаришуда беш аз 40% коҳиш ёфт.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар соли 2018 ба наздики 2,1 млрд. доллар баробар шуд.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2018 Русия боқӣ монда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 1 млрд. долларро ташкил дод.

Соли 2018 Тоҷикистон бо Қазоқистон – ба маблағи зиёда аз 836 млн., Чин – беш аз 651 млн., Туркия – наздики 402 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2018 тамоили афзоиши ҳаҷми муомилоти мол бо ҳамсоякишвар – Ӯзбекистон идома ёфта, соли гузашта ҳаҷми он 2,3 баробар афзуд ва ба наздики 290 млн. доллар расид.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.