Имзои 9 санади ҳамкорӣ байни Олмону Ӯзбекистон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кард. Дар мулоқот асосан ба рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ таваҷҷуҳ шудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон Олмонро яке аз шарикони калидии худ дар бахши технология ва сармоягузорӣ медонад. Ҷонибҳо рушди босуръати табодули […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кард. Дар мулоқот асосан ба рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ таваҷҷуҳ шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон Олмонро яке аз шарикони калидии худ дар бахши технология ва сармоягузорӣ медонад.

Ҷонибҳо рушди босуръати табодули тиҷории ду кишварро, ки беш аз 700 миллион евроро ташкил медиҳад, қайд карда, гуфтаанд, ки барои расонидани он то ба 1 миллиард евро тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.

Дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир 132 ширкат бо иштироки сармоягузорони олмонӣ фаъолият мекунад. 33 тои онҳо пурра бо сармояи шаҳрвандони Олмон фаъолият доранд. Бонки марказии Ӯзбекистон бо 57 бонки Олмон робитаро ба роҳ мондааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд. Мирзиёев ба ҳукумати Олмон барои мусоидат дар муайян кардани оқибатҳои манфии фоҷеаи баҳри Арал миннатдорӣ баён кардааст.

"Қайд гардид, ки дар Ӯзбекистон беш аз 8 ҳазор олмонитабор ба сар мебаранд ва тамоми шароит барои рушди фарҳангу русуми миллии онҳо фароҳам аст. Беш аз 400 ҳазор донишомӯзи ӯзбек забони олмониро меомӯзанд. Ахиран дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро баъзе аз мактабҳо ба номи донишмандон ва тафаккурони олмонӣ гузошта шуданд", – афзудааст дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни сафари расмии Мирзиёев ба Олмон, ки рӯзҳои 20-22 январ сурат мегирад, миёни ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, тиҷорат, маориф ва илм имзо шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.