Дастури Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагирӣ ба даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи шаҳрдорӣ дастур дод, ки ба маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ гиранд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори раиси пойтахт, рисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе уҳдадор […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи шаҳрдорӣ дастур дод, ки ба маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ гиранд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори раиси пойтахт, рисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе уҳдадор мешаванд, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, то 25 марти соли 2019 шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.

Мақомот ва сохторҳои дахлдор вазифадор мешаванд, ки барои гузаштани муоинаи пешакии тиббии даъватшавандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар мавриди даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, дастур дода шудааст, ки баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавононписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.