Натиҷаҳои фаъолияти бахши сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2018

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолият дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, дастовардҳои ин соҳаро зикр кард. Стратегияи сайёҳӣ Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ “Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли […]

Asia-Plus

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолият дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, дастовардҳои ин соҳаро зикр кард.

Стратегияи сайёҳӣ

Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ “Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли 2017, таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Стратегия вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои рушди соҳа то соли 2030, самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии шаклҳои сайёҳӣ, маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фуруш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадот ва раводид, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, низоми мониторинг ва арзёбии татбиқи босамари стратегия муқаррар карда шудааст.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4 солиро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад, ки дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ диққати асосӣ равона карда мешавад.

Бо мақсади таъмини татбиқи пурраи Стратегия нишондиҳандаҳои мақсадноки он таҳия карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои Стратегия самтҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷумла, индикатор, тарғибу ташвиқи соҳа, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳиро дарбар мегирад. Барои татбиқи босамари Стратегия маблағгузориҳои бахши хусусӣ, шарикони рушд ва сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Имтиёзҳо

Ҳукумат эълон кард, ки барои рушди сайёҳӣ ва иншооти зербинои он имтиёзҳои сершумор пешниҳод кардааст.

Ширкатҳои сайёҳӣ муддати панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод буда, воридоти таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон барои сохтмони иншооти сайёҳӣ ва зербинои онҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озоданд.

Воридоти ҳавопаймоҳо, локомотив ва вагонҳои муосир ба ҷумҳурӣ низ аз пардохти ҳама гуна андозу боҷҳои гумрукӣ озод карда шудааст.

Шумори ширкатҳои сайёҳӣ

Соли 2018дар ҷумҳурӣ 75 агентиҳои сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳамин тариқ шумори умумии онҳо то ба 146 адад афзуд. Ширкатҳои бузурги сайёҳӣ инҳоанд: «Помир Сентрал Азия», «ПомирПикс»,  «Артуч», «Боми Ҷаҳон Тур», «Гиды Памира», «Ҷавоҳир», «Атлас Трэвел», «Сарез Тревел», «Горные путешествия Памира», «Диана ва Т», «Зурмич», «Олами Саёҳат», «Кӯҳандиз», «Авант-тур», «Ориент Адвентур», «Роҳат Тур», «Тоҷикистон Тревел».

Шумори сайёҳон

Соли 2018 шумори шаҳрвандони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид намуданд, ба андозаи 2,6 баробар афзуд.

Бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017 ва беш аз 1 млн. 150 ҳазор нафар дар соли 2018, соли равон шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзуда, ҳамарӯза беш аз 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.

Эътирофи байнулмилалӣ

Соли 2018 кӯҳҳои Помир ба сафи 100 мавзеи беҳтарин барои сайёҳии экологӣ дониста шуданд.

Маҷаллаи бритониёии «Wanderlust» Тоҷикистонро ба шумори 10 кишвари ҷолибтарин барои сайёҳӣ, шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Тоҷикистонро ба сафи даҳгонаи беҳтарин кишварҳо барои сайёҳии шавқовар, маҷаллаи маъруфи русии «National Geographic» роҳи мошингарди Помирро ба даҳгонаи зеботарин дар саросари ҷаҳон, нашрияи «Индепендент» шаҳри Душанберо ба шумори даҳгонаи макони беҳтарин оид ба таъмини амният дар вақти шабона шомил карданд.

Меҳмонхонаҳо

Бино ба маълумоти Кумита, соли гузашта бунёди зербинои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ босуръат ҷараён гирифта, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Хуросон, Зафаробод, Ёвон, Нуробод, Мурғоб; шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Панҷакент меҳмонхонаҳои хурду бузург сохта шуданд.

Дар осоишгоҳҳои “Баҳористон” ва “Зумрад”, маҷмааи истироҳату лижаронии “Сафед-Дара” сохтмони бино ва иншооти зерсохтори иловагӣ ба итмом расид.

Корҳои таъмиру навсозии кӯли “Варзоб” оғоз гардида, бунёди 3 иншооти зербинои сайёҳӣ дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон идома дорад.

Дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба наздикӣ сохтмони маҷмааи бузурги истироҳату варзишӣ барои 1100 нафар шурӯъ мешавад. Дар саросари кишвар 297 меҳмонхона фаъолият дошта, сохтмони боз 41 меҳмонхона ҷараён дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.