Оғози фаъолияти ду ширкати нави суғурта дар Тоҷикистон

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол ба ду ширкати нав – “Меҳрубон” ва “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати анҷоми фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дод.

Бо қарори аз санаи 23 январ қабулшудаи Бонки миллӣ ба ширкати “Меҳрубон” ҷиҳати роҳандозии фаъолияти суғуртавӣ иҷоза дода шуд.

Санаи 3 январи ҳамин сол ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои анҷоми фаъолияти суғуртавӣ ба муҳлати се сол иҷозатнома гирифт.

Ширкати мазкур бо гузашти се сол фаъолияти худро барқарор намуд: ширкат муҳлати иҷозатномаашро, ки аввали соли 2016 ба охир расида буд, дароз накард.

Айни замон дар бозори суғурта (бима)-и Тоҷикистон наздики 20 ширкатҳои гуногуни суғурта амал мекунанд, ки дутои онҳо – КВД “Тоҷиксуғурта” ва ШДС “Тоҷиксармоягузор” давлатӣ мебошанд.

Дар бозори суғуртаи кишвар байни ширкатҳои хусусӣ “Лидер иншуренс”, “Муин”, Труд” ва “Эсхата Суғурта” нисбатан фаъолтар дониста мешаванд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон, суғуртаи субъекту объектҳо аз рӯи 43 навъи фаъолият пешбинӣ шудааст.

Дар бозор навъи суғуртаҳое ба мисли суғуртаи амвол, шахсӣ, масъулият ва суғуртаи ҳаёт бештар серталаб аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...