Кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати навсозии сохтори “Барқи тоҷик”

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд омодагӣ изҳор намуд. Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрии раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо роҳбари Миссияи […]

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд омодагӣ изҳор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрии раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной ҷонибҳо дар мавриди таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  “Барқи Тоҷик”  ибрози андеша намуданд.

Гуфта мешавад, Фаррух Ҳамрализода иброз доштааст, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таҷдиди ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор меравад ва ҳадаф аз ин – рақобатпазир будани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза – қувваи барқ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной дар навбати худ изҳор намудааст, ки дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи нақшаи инфиродии бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” ҳукумат ният дошт, ки то охири соли гузашта дар заминаи он ду ширкати нави мустақил таъсис диҳад.

Ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, моҳи майи соли гузашта ҳукумат бо қарори худ дастур дода буд, ки тавассути азнавташкилдиҳии сохтори идоракунии «Барқи тоҷик» дар заминаи он Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯйхати воситаҳои асосиро супурда, дар навбати худ он бояд ба ихтиёри ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта дода мешуд.

Пас аз баррасӣ ва маъқул дониста шудани рӯйхат аз ҷониби Кумита, қабули қарори ҳукумат дар назар буд, ки бар асоси он ҷараёни тақсимоти “Барқи тоҷик” ба се ширкат бояд ба хотима мерасид, лекин қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус алҳол қабул нашудааст ё қабул шудаву вале ба нашр нарасидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.