Кумаки ҳарбии ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 3,8 млн. доллар

Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов, дар маросими супоридани таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллари ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ иштирок карданд. Бино ба иттилои сомонаи сафоратзонаи ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори Қушунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии […]

Иттилоияи расмӣ

Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов, дар маросими супоридани таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллари ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ иштирок карданд.

Бино ба иттилои сомонаи сафоратзонаи ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори Қушунҳои сарҳадӣ барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва шароити мураккабдошта мувофиқ мебошад.

Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ талош мекунад. Ин талошҳо саҳми бевосита ба амалӣ намудани Стратегияи амнияти миллии ИМА мебошанд, ки дар он нақши муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза бар зидди терроризм қайд гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ИМА тӯли қариб 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва беш аз 1.8 млрд. доллари ИМА-ро ҳамчун кӯмак баҳри рушд, тавассути барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон равона намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.