Прокурори генералӣ: Дар Хоруғ тинҷиву оромӣ ҳукмфармост

Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сатҳи ҷинояткорӣ 30% поин рафт, гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон. Бино ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз охири моҳи сентябри соли гузашта то нимаи моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 400 адад аслиҳае, […]

Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сатҳи ҷинояткорӣ 30% поин рафт, гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз охири моҳи сентябри соли гузашта то нимаи моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 400 адад аслиҳае, ки дар дасти аҳолии шаҳри Хоруғ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуд, мусодира гардид.

Прокурори генералӣ изҳор дошт, ки ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмини волоияти қонун, ки тирамоҳ дар қаламрави ВМКБ таъсис дода шуд, ба кораш идома дода истодааст.

“Дар ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ тинҷиву оромӣ ҳукмфармо буда, вазъ зери назорати ҳукуматдорон аст”, – қайд кард Юсуф Раҳмон.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ зикр кард, ки айни замон ба маблағи умумии беш аз 10 млн. сомонӣ қарзҳои батаъхирафтодаи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар ВМКБ баргардонида шуда, боз минбаъд пардохти қарзҳои муҳлаташон гузашта дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.