Нерӯгоҳҳои барқи обии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дарёи Зарафшон

Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муайян кардани макони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон машғул аст. Дар хусуси сохтмони муштараки ин нерӯгоҳҳо сарони кишварҳои Тоҷикистну Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев соли гузашта созиш ҳосил карда буданд. “Пас аз тасмими сарони кишварҳо гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, ки рӯйи ин масъала […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муайян кардани макони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон машғул аст. Дар хусуси сохтмони муштараки ин нерӯгоҳҳо сарони кишварҳои Тоҷикистну Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев соли гузашта созиш ҳосил карда буданд.

“Пас аз тасмими сарони кишварҳо гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, ки рӯйи ин масъала машғули кор аст”, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон масоили техникӣ, аз ҷумла муайян кардани ҷойи сохтмони нерӯгоҳҳо ва методи бунёди онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.

Пас аз ҳаллу фасли масоили техникӣ, таъкид дошт муовини вазир, масъалаҳои моливу иқтисодӣ баррасӣ шуда, сипас корҳои лоиҳакашӣ оғоз мегарданд.

“Нимаи аввали соли равон баргузории ҷаласаи муштарки гурӯҳҳои корӣ дар назар аст. Тибқи дастури сарони кишварҳо, дар рӯдхонаи Зарафшон бояд ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 МВт сохта шавад”, – изҳор намуд ӯ.

Шоимзода қайд кард, ки тарҳи комплексии сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ дар дарёи Зарафшон мавҷуд аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта таҳия шудааст.

“Мувофиқи тарҳи кӯҳна, дар он ҷо сохтмони 11 нерӯгоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Табиист, ки айни замон ин тарҳ бозбинӣ мешавад”, – илова кард Шоимзода.

Ёдрас мекунем, ки тасмими бунёди муштараки нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон зимни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта рӯйи кор омад.

Он замон зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Шавкат Мирзиёев дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷоиниби Тоҷикистон “лоиҳаҳои таҳиягардидае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилаии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

“Бар ин назарам, ки дар ҳамкории минтақавии мо масъалаи лоиҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ хеле ҷиддӣ аст. Бо гузашти муддати начандон зиёд мо ба сохтмонҳои муштарак оғоз мебахшем, мушкилиҳоро дар ҳамдастӣ ҳал мекунем. Масоили зиёд вуҷуд дорад ва он тадриҷан ҳаллу фасл хоҳад шуд”, – итминон дода буд сарвари давлати ҳамсоякишвари Ӯзбекистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.