Боздошти 13 ронандаи маст, аз ҷумла ду таксирон дар Душанбе

Дар ҷараёни рейди махсуси кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 нафар ронандагон дар ҳолати мастӣ аз машрубот боздошт шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, миёни онҳо ду нафар ронадагони таксӣ – Аҳмадҷон Алиев, ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-оптима (рақами қайди давлатиаш 0078 ТТ 05) ва Дилшод Рашидов, ронандаи автомашинаи тамғаи […]

Дар ҷараёни рейди махсуси кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 нафар ронандагон дар ҳолати мастӣ аз машрубот боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, миёни онҳо ду нафар ронадагони таксӣ – Аҳмадҷон Алиев, ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-оптима (рақами қайди давлатиаш 0078 ТТ 05) ва Дилшод Рашидов, ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-ласети (рақами қайди давлатиаш 5487 ТТ 05) низ ҳузур доштаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, зимни баргузории рейди мазкур, ки муддати 14 рӯз дар роҳҳои пойтахт давом кард, наздики 8,2 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки қонуншикании аз ҳама бештар аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и шаҳрӣ буда, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ 432 нафар ронандагон ҷарима шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.