Манъи пардохти пули нақд боз дар се хатсайри мусофирбари пойтахт

Аз 1 феврал пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мусофирбари хатсайри №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа), №7 (Терминали «Шарқ-транс» – маҳаллаи Дилшод), №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ)дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад. Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 1 феврал пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мусофирбари хатсайри №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа), №7 (Терминали «Шарқ-транс» – маҳаллаи Дилшод), №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ)дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ дар пойтахт дар автобусҳои хатсайри №3, №8 ва №22, ҳамчунин троллейбусҳои №1 ва №10 ҷорӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио