3 миллион сомонӣ ҷарима барои риоя накардани қонуни танзим

Барои риоя накардани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар Тоҷикистон соли гузашта 648 нафар ба маблағи умумии 3 млн 133 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин бора 5 феврал раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон иттилоъ дод. “Соли гузашта вобаста ба риояи нашудани Қонуни ҶТ “Дар бораи […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Барои риоя накардани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар Тоҷикистон соли гузашта 648 нафар ба маблағи умумии 3 млн 133 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин бора 5 феврал раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон иттилоъ дод.

“Соли гузашта вобаста ба риояи нашудани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 660 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуд. Дар натиҷа 648 нафар ба маблағи умумии 3 млн 133 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима карда шуданд”,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ғайр аз ин, ба қавли раиси Суди олӣ, дар соли 2018 15 ҳазору 263 парванди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гардидаанд.

“Аз рӯйи ин парвандаҳо нисбати 4975 нафар ҷазо дар шакли огоҳӣ дода шуда, 8543 нафар дар ҳаҷми 1 млн 174 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд”,- иттилоъ дод Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани ҷашну маросимҳои пурдабдаба, ки ҳар сол шаҳрвандон маблағи зиёд сарф мекарданд, қабул карда шуд. Тибқи ин қонун, зодрӯз танҳо дар доираи оила бояд таҷлил карда шавад.

Моҳи августи соли 2017 бо ташаббуси Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он мансабдорони давлатӣ ё фарзандони онҳо дар сурати вайрон кардани ин қонун, аз вазифа сабукдӯш карда мешаванд.

Дар баробари ин, бино бар тағйироте, ки ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, ҷавобгарӣ барои мансабдорони давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар сурати вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” пурзӯр карда шуд.

Ҳаҷми ҷарима барои шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 – 26 ҳазор сомонӣ ба 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шуд.

Дар ҳолати такрори қонуншиканӣ ҷарима барои шахсони воқеӣ 30 ҳазор сомонӣ, барои мансабдорон 40 ҳазор сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ 50 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар қатори онҳое, ки талаботи ин қонунро риоя накардаанд, на танҳо шахсони оддӣ, балки чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла ситораҳои эстрада низ будаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.