Хатнаи ройгони беш аз 80 ҳазор нафар кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ

Давоми соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, соли сипаригашта дар кишвар бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин […]

Asia-Plus

Давоми соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, соли сипаригашта дар кишвар бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.

Гуфта мешавад, соли 2017 ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и  қонуни мазкур чунин омадааст:

«Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».

Зимнан зикр мегардад, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда, дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.