Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 19 нафар ронандагонро ба макони бехавф интиқол доданд

Date:

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии дар минтақаи Заравшан будаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир ҳастанд, 19 адад ронандагонро аз 71 км ва 72 километри  ноҳияи Варзоб  бо воситаҳои нақлиётии худ тамба шуда буданд, ба макони бехавф  интиқол доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар километрҳои  79, 80, 81 ва 82-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Айнӣ дирӯз фаромадани тармаҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Барои бартарафсозии ҳолати рухода техника ва таҷҳизоти ширкати роҳии Innovative  Road Solutions (IRS) истифода шуда, ин қисмати роҳ пурра аз барф тоза карда шуданд.

Дар  100 ва 120 километри роҳи автомобилгарди Айнӣ-Душанбе шумораи зиёди мошинҳои боркаш, ки ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, тамба шуданд. Барои таъмини бехатарӣ воситаҳои нақлиёт дар мавзеъҳои бехавфи роҳ ҷой шудаанд. Аз ҳисоби Ҳукумати вилояти Суғд, ширкати роҳии  Innovative Road Solutions (IRS) ронандагоне, ки дар роҳ мондаанд, бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон  роҳи автомобилгарди Варзоб-Айнӣ баста аст. Корҳои тозакунии оқибатҳои тармафароӣ  идома доранд.

Хотиррасон мешавад, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво хавфи эҳтимолияти фаромадани тармаҳо ва сангрезиш  афзоиш меёбад ва бинобар ин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки  аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...