Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 19 нафар ронандагонро ба макони бехавф интиқол доданд

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии дар минтақаи Заравшан будаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир ҳастанд, 19 адад ронандагонро аз 71 км ва 72 километри  ноҳияи Варзоб  бо воситаҳои нақлиётии худ тамба шуда буданд, ба макони бехавф  интиқол доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар километрҳои  79, 80, 81 ва 82-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Айнӣ […]

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии дар минтақаи Заравшан будаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир ҳастанд, 19 адад ронандагонро аз 71 км ва 72 километри  ноҳияи Варзоб  бо воситаҳои нақлиётии худ тамба шуда буданд, ба макони бехавф  интиқол доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар километрҳои  79, 80, 81 ва 82-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Айнӣ дирӯз фаромадани тармаҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Барои бартарафсозии ҳолати рухода техника ва таҷҳизоти ширкати роҳии Innovative  Road Solutions (IRS) истифода шуда, ин қисмати роҳ пурра аз барф тоза карда шуданд.

Дар  100 ва 120 километри роҳи автомобилгарди Айнӣ-Душанбе шумораи зиёди мошинҳои боркаш, ки ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, тамба шуданд. Барои таъмини бехатарӣ воситаҳои нақлиёт дар мавзеъҳои бехавфи роҳ ҷой шудаанд. Аз ҳисоби Ҳукумати вилояти Суғд, ширкати роҳии  Innovative Road Solutions (IRS) ронандагоне, ки дар роҳ мондаанд, бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон  роҳи автомобилгарди Варзоб-Айнӣ баста аст. Корҳои тозакунии оқибатҳои тармафароӣ  идома доранд.

Хотиррасон мешавад, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво хавфи эҳтимолияти фаромадани тармаҳо ва сангрезиш  афзоиш меёбад ва бинобар ин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки  аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.