Сабти ду заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи нуҳ дақиқа

Date:

Субҳи имрӯз сокинони пойтахт дар фосилаи 9 дақиқа – соати 06:26 ва 06:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ ду заминларзаро эҳсос намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларзаҳо мутаносибан дар 22 ва 19 километрии ҷанубу шарқи (наздиктар ба шарқ) пойтахт дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки қувваи заминларза дар ҳодисаи аввал дар марказаш – ба 2-3 балл ва дар заминҷунбии дуюм – ба 4 балл расида, қувваи заминларза дар Душанбе мутаносибан 2-3 ва 3-4 баллро ташкил додааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо алҳол маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи январи соли равон низ дар Тоҷикистон заминҷунбиҳо бо қувваи 3-4 балл рух дода, он замон ҳам маркази заминларза дар самти шаҳри Ваҳдат муайян шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...