Муҳоҷират, оила, хушунат, садоқат… Мавзуъҳое, ки нависандагони ҷавон рӯ овардаанд

Башир Усмон, яке аз нависандагони ҷавони тоҷик аст, ки чанде пештар китоби худ “Дидор”-ро нашр намуд. Дар ин китоб ҳикояҳои иншонамудаи ӯ гирдоварӣ шуда, мавзӯи он бештар иҷтимоӣ аст. Ӯ бештар ба мавзуъҳои муҳоҷират ва таъсири он ба ҷомеаи кишвар, хушунати хонаводагӣ ва сабабҳои зуҳури он, садоқат ва хиёнат дар оила, устувории оила таваҷҷуҳ кардааст. […]

Аваз Юлдошев, Ҷасур Абдуллоев, Asia - Plus

Башир Усмон, яке аз нависандагони ҷавони тоҷик аст, ки чанде пештар китоби худ “Дидор”-ро нашр намуд. Дар ин китоб ҳикояҳои иншонамудаи ӯ гирдоварӣ шуда, мавзӯи он бештар иҷтимоӣ аст. Ӯ бештар ба мавзуъҳои муҳоҷират ва таъсири он ба ҷомеаи кишвар, хушунати хонаводагӣ ва сабабҳои зуҳури он, садоқат ва хиёнат дар оила, устувории оила таваҷҷуҳ кардааст.

Дар ҳикояи “Дидор” Башир Усмон ба мавзуъи доғи рӯз – муҳоҷират дахл карда, таъсири он ба ҷомеаи кишварро баррасӣ намудааст.

“Ҳикоя аз он оғоз меёбад, ки кормандони мақомоти интизомӣ як гуруҳ занҳои бероҳагардро ба идораи полис меоранд ва байни онҳо Гулноз низ буд. Яке аз кормандони мақомот ӯро ба хоҳари чанд сол пеш вафоткардааш монанд мекунанд. Ба утоқаш даъват намуда, бо Гулноз суҳбат менамояд ва вақте мегӯяд, ки “роҳи интихобкардаат хато аст”, дар посух “ба ин волидонам сабабгор”-ро мешунавад. Ва қиссаи талхашро ба капитани милитсия нақл мекунад. Маълум мегардад, ки дар хурдӣ модари Гулноз вафот карда, падараш зани дигар мегирад. Баъди ба муҳоҷират рафтани падараш, Гулноз дар тарбияи модарандар мемонад. Модари ӯгай бо ҳар роҳ шавҳарашро фиреб карда, духтари наврасро ба марди калонсоле ба шавҳар медиҳад. Пас аз чанд муддат шавҳараш Гулнозро аз хона пеш мекунад ва вақте ӯ ба хонаи волидон меояд, падараш низ ӯро дигар қабул намекунад. Пас аз он ки аз хонаи падар низ ронда мегардад, рӯзҳои душвори Гулноз оғоз меёбад…”

Ҳикояҳои дигари Башир Усмон ҳам бо забони сода, равон ва фаҳмо навишта шуда, мушкилоти гуногуни зиндагиро баррасӣ менамояд.

Башир Усмон, мегӯяд, ки то ин замон ду китобашро бо маблағи худаш нашр кардааст. Аммо наср пешаи асосии ӯ нест.

“Дар ду ҷо кор мекунам, аммо дар вақтҳои холигиам ҳикояҳо менависам. Барои ин касе бароям маблағ намедиҳад. Китобамро ҳам бо маблағи худам нашр кардам”,-мегӯяд ӯ.

Аммо бо ин ҳам, ӯ ба ояндаи адабиёти тоҷик, аз ҷумла насри тоҷик хушбовар аст ва мегӯяд, ки дар сурати дастгирӣ ёфтани ҷавонон, нависандаҳои хуб пайдо мешаванд.

“Агар нависандаи ҷавон зиндагиаш хуб бошад, барои навиштааш ҳақи муносиб гирад, ҳатман асарҳои хуб иншо мекунад”,-иброз медорад Башир Усмон.

Ӯ мегӯяд, ки мардуми тоҷик аслан аз китоб дур нашудааст.

“Ин фикр хато аст, ки мегӯем мардум китоб намехонад. Дуруст мебуд агар гӯем, ки барои китоб маблағ надорад. Агар зиндагиаш хуб бошад, ҳатман китоб мехарад ва мехонад”,- ҷамбаст намуд Башир Усмон.

Нависандаи дигари ҷавони тоҷик Одили Нозир баръакс, аз наср дилмонда шуда, тарки ин пеша кардааст. Ӯ бовар дорад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ фазои адабӣ ва талабот ба адабиёт аз байн рафтааст.

“Имрӯз, адабиёти тоҷик аз масъалаҳои асосӣ – тақдири инсон, сарнавишти миллат, ғаму андӯҳ, шодиву нишоти ӯ дур шуда, ба маддоҳӣ, таърифу тавсиф ва масоили дуюмдараҷа рӯ овардааст”,-мегӯяд О. Нозир.

“Имрӯз дар Тоҷикистон асарҳои нависандагони машҳур бо теъдоди 500 адад нашр мешавад ва он ҳам аз ҳисоби худи нависандагон. Бар замми ин, худи муаллифон китобҳояшонро мефурӯшанд. Дар чунин ҳолат, ҳич гоҳ нависандаи ҷавон ба наср рӯ намеоранд”.

Ҳамчунин, ӯ зикр менамояд, ки агар барои адибон шароити мувофиқ дар Тоҷикистон муҳайё карда шавад, нависандагони ҷавон ба мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла, ба сарчашмаҳои ташаккули давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ карда, асарҳои хуб эъҷод мекунанд.

“Нависандаҳои мо, ки берун аз кишвар низ машҳуранд, аз ҷумла Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Сорбон беҳтар мебуд, ки дар асарҳои худ сарчашмаҳои аслии ҷанги шаҳрвандиро таҳлил намуда, ба саволҳои “чаро ин фоҷеа маҳз дар мо рух дод?”, “чаро мо ҳамдигарро куштем?” посух гӯянд”,- иброз намуд Одил Нозир.

Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод мегӯяд, ки нависандагони ҷавон ҳарчанд хеле каманд, аммо ҳастанд ва бо иттифоқ ҳамкорӣ мекунанд.

“Чанд нафар ҳастанд, ки бо шуъбаи мо ҳамкорӣ мекунанд. Мавзуъҳое, ки онҳо менависанд, аслан аз зиндагӣ гирифта шудааст. Инсон ва тақдири ӯ. Баъзан навиштаҳояшон дар маҷаллаи “Садои Шарқ” низ нашр мешавад. Аммо теъдодашон кам аст”,-мегӯяд Равшани Махсумзод.

Ӯ таъкид менамояд, ки нисбат ба нависандагон шоирони ҷавон зиёданд ва онҳо маҳфилҳои алоҳида ҳам доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.