Ҷашни Масленитса дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иди Масленитса ҳамасола ба таври густарда ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбори умум баргузор шуд. Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак […]

Марзияи Маҳмадрасул, Шоҳзода Хушвахтова, Фараҳноз Зокирова

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иди Масленитса ҳамасола ба таври густарда ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбори умум баргузор шуд.

Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак (блини) мақоми хосса дошт. Ҳамчунин ба ин муносибат аз ҷониби донишҷӯён барномаи идона намоиш дода шуд.

Масленитса- иди анъанавии славянитаборҳо буда, қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.

Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио