Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Масҷиди маркази ҷомеи пойтахт дарахт шинонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуда, дар ҳудуди масҷиди ҷомеъ якчанд дарахти “клён” шинонид.

Гуфта мешавад, бо супориши Президенти мамлакат дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.

Баъди шинонидани ниҳоли дарахтон Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бо нашъунамои дарахтон ва корҳои ободонии ин мавзеъ шинос шуд.

Боғи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг нашъунамо меёбанд.

Зикр мегардад, ки боғи пур аз дарахтони зебо дар шафати “Наврӯзгоҳ”, ки макони асосии баргузори тантанаҳои идонаи “Наврӯз”, “Ваҳдат”, “Истиқлолият” ва дигар идҳои бузурги миллӣ аст, ҷойгир мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба коргарони боғ супориш дод, ки ба масъалаи тозагии атроф, нигоҳубини дарахтон ва корҳои ободонӣ диққати махсус диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио