Мукофотпулии раиси пойтахт ба занони масъул ба тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани 3 млн. 82 ҳазор сомонӣ барои бо мукофотпулӣ қадрдонӣ кардани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ ва дигар воҳидҳои сохтории шаҳрдорӣ қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, воситаҳо аз фонди захиравии дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ ҷудо гардида, ба ҳар кадоме аз занони ин сохторҳо 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки беш аз 3 ҳазор нафар занони масъули тозагӣ дар роҳу кӯчаҳои пойтахт аз раиси пойтахт мукофотпулӣ мегиранд.

Раиси шаҳр ба шахсони масъул дастур дод, ки мукофотпулӣ ба занон дар фазои тантанавӣ супурда шавад. Назорат аз болои иҷрои қарори мазкурро Рустами Эмомалӣ ба дӯши муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...