Вакил аз ноҳияи Рӯдакӣ ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Давлатбек Шодиев, муовини раиси ҷамоати Чортеппаи ҳамин ноҳия Ҷумъа Мардонов, коргузор Аҳлиддин Баҳриев, заминсоз Фаридун Норов ва капитани милитсияи маҳаллӣ Азиз Файзов аз ҷониби Агентии зиддифасод ба қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, онҳо ба боварии сокини маҳаллӣ Диловар Маҳмудов даромада, барои ҷудо кардани 3 […]

Asia-Plus

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Давлатбек Шодиев, муовини раиси ҷамоати Чортеппаи ҳамин ноҳия Ҷумъа Мардонов, коргузор Аҳлиддин Баҳриев, заминсоз Фаридун Норов ва капитани милитсияи маҳаллӣ Азиз Файзов аз ҷониби Агентии зиддифасод ба қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, онҳо ба боварии сокини маҳаллӣ Диловар Маҳмудов даромада, барои ҷудо кардани 3 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ дар маҷмӯъ 72 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Қобили зикр мушкилоти ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аллакай солҳои зиёдест, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяри соли 2017 дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

«Заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфта, бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд, ки дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд», – таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио