Ҷаримаи донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ барои дағалгуфториву бадахлоқӣ

Сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намуд, ки як ҷавони ӯро назди ҳамагон дар кӯҷа таҳқиркарда ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, зан гуфтааст, ҳодиса дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рух додааст. Ӯ ҳамчунин суратҳои […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намуд, ки як ҷавони ӯро назди ҳамагон дар кӯҷа таҳқиркарда ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, зан гуфтааст, ҳодиса дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рух додааст. Ӯ ҳамчунин суратҳои ҷавони бадахлоқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат вобаста ба ин муроҷиат ва акси нашршуда донишҷӯи бахши 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Хумайнӣ Маҳмадҷоновро боздошт намуданд.

“Зимни пурсиш боздоштшуда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ бо ҳамроҳии ҳамкурсонаш дар кӯчаи Н.Қарабоев ҳангоми убури роҳ нисбати ҷавонзане, ки роҳро убур мекард таҳқиру дашномҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи ӯро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст, ки ин ҳангоми мурофиаи судӣ ва пурсиши шоҳидон тасдиқи худро ёфтанд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бо қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ табиби оянда барои майдаавбошӣ ба маблағи 385 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.