Оғози корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри энергетикҳо санаи 20 март ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкате, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Тендери байнулмилалӣ оид […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри энергетикҳо санаи 20 март ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад.

Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкате, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Тендери байнулмилалӣ оид ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак (марҳилаи аввал) охири моҳи августи соли 2017 эълон шуда буд.

Он замон ширкати “Барқи тоҷик” байни се иштирокии тендер гурӯҳи ширкатҳои ANDRITZ-ро интихоб намуд, ки дафтари асосии кориаш дар Австрия воқеъ аст.

Бино ба маълумоти ин ширкат, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак беш аз 120 млн. доллар маблағ сарф шуда, иқтидори нерӯгоҳ, ки айни замон 3 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад, баъди ба охир расидани корҳо 12% меафзояд.

“Мувофиқи лоиҳа ба ҷойи гидроагрегатҳои кӯҳна турбинаҳои Френсис гузошта шуда, ҳамчунин автотрансформаторҳо ва дигар қисмҳои низоми энергетикии нерӯгоҳ низ иваз карда мешаванд”, – қайд мешавад дар маълумоти ANDRITZ.

Охири соли 2017 барои амалисозии лоиҳаи “Таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” ҳамаи маблағи зарурӣ – 350 млн. доллар дарёфт шуд.

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 225 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 57 млн. доллараш грант ва боқимонда қарзи имтиёзнок аст. Фонди авруосиёии субот ва рушд ба сифати қарз 40 млн. доллар ҷудо карда, боз Бонки осиёгии сармоягузории зерсохторӣ низ 60 млн. доллар қарз медиҳад. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 25 млн. долларро ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввали лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак муддати панҷ сол амалӣ мешавад. Барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа низ 350 млн. доллар маблағ зарур аст. Пас аз пурра анҷом ёфтани корҳои таъмиру навсозӣ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар иншоот то ба 3300 МВт мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.