Эълони рейтинги нави байналмилалии мавзеҳои сайёҳии Тоҷикистон

Дар шаҳри Берлини Олмон охири ҳафтаи сипаришуда Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin 2019 бо ширкати намояндагони 180 кишварҳои дунё, 15 ҳазор ширкатҳои сайёҳӣ ва зиёда аз 800 нафар хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ифтитоҳ ёфта, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи Намоишгоҳи Берлин дар баробари парчамҳои кишварҳои дунё то анҷоми он афрохта хоҳад буд. Дар намоишгоҳи имсола, ки […]

Александр Хайзер, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Берлини Олмон охири ҳафтаи сипаришуда Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin 2019 бо ширкати намояндагони 180 кишварҳои дунё, 15 ҳазор ширкатҳои сайёҳӣ ва зиёда аз 800 нафар хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ифтитоҳ ёфта, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи Намоишгоҳи Берлин дар баробари парчамҳои кишварҳои дунё то анҷоми он афрохта хоҳад буд.

Дар намоишгоҳи имсола, ки маротибаи 57-ум баргузор гардида, то 10 март идома хоҳад ёфт, 30 нафар намояндагон аз 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонова мавзеҳои Тоҷикистон ва захираҳои сайёҳии онро муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар нахустини рӯзи намоишгоҳ, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ имкониятҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ намуда истодаанд. Аз гӯшаи Тоҷикистон, ки имсол бо назардошти бахшҳои асосии турзим дар Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 омода карда шудааст, садҳо нафар меҳмонони шаҳри Берлин дидан намуда, оид ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ маълумот ба даст оварда истодаанд. 

Нимаи дуюми рӯзи 6 март бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои иштирокчӣ ва Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ҷаласаи вазирони сайёҳии кишварҳои узви Барномаи “Шоҳроҳи абрешим”-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ва Роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон ширкат намуданд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Ширин Амонова зимни баромади худ тасмимҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳӣ таъкид намуд. Зикр гардид, ки эълон шудани 2019-2021 солҳои рушди деҳот, туризм ва ҳунарҳои мардумӣ аз иқдомҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он ба самтҳои асосии Созмони умумиҷаҳонии Сайёҳӣ тавъам мебошанд.

Дар рӯзи нахустини Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Берлин феҳристи 100 маконҳои саёҳии дорои рушди устувор эълон гардиданд. Минтақаи баландкӯҳи Помири Тоҷикистон имсол низ ба рейтинги ҷаҳонии "100 маконҳои сайёҳии устувор рушдкунанда"  (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Мувофиқи рӯйхати ғолибони рейтниг,  миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Тоҷикистон дар ин номинатсия ҳузур дорад.  Тавре Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо қайд намуд, маротибаи чорум шомил гардидани Помир ба ин феҳрист аз эътирофи Тоҷикистон ба сифати яке аз беҳтарини самтҳои сайёҳии экологӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳошияи Намоишгоҳ мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндаи бахши таблиғоти сайёҳии Шабакаи BBC роҷеъ ба ташкил ва пахши рекламаҳои таблиғотӣ дар ин шабака баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷонибҳо роҷеъ ба имкони ҷалби сармояҳо ба рушди инфрасохторҳои сайёҳӣ суҳбат намуданд. Қарор аст, дар идомаи намоишгоҳ муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, сармоягузориҳо дар ин бахш, мулоқот бо рӯзноманигорони соҳаи туризм ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардад. 

Иштирок ва муаррифии захираҳои сайёҳии Ватанамон дар чунин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ вусъат дода шавад.

Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони аврупоӣ ба табиати нотакрори Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст. Танҳо соли гузашта 19.000 нафар шаҳрвандони Аврупо ба Тоҷикистон сафар намудаанд. Интизор меравад, ки ин шумора дар солҳои минбаъда афзоиш ёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.