Ҳалокати 157 нафар бар асари садамаи ҳавопаймо дар Эфиопия

Date:

Як ҳавопаймои мусофирбари "Боинг-737", ки аз шаҳри Аддис-Абеба ба пойтахти Кения – Найробӣ парвоз мекард, субҳи рӯзи якшанбе дар Эфиопия суқут кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз 149 мусофир ва 8 узви экипаж касе зинда намондааст.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти ахир, дар миёни қурбониёни ҳавопаймои ширкати Ethiopian Airlines шаҳрвандони 33 кишвар, аз ҷумла Русия, ИМА, Канада, Итолиё, Фаронса ва Бритониё низ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодиса пажуҳиш мешаванд. Бино бар иттилои сомонаи Flightradar24, ҳавопаймо баъди шаш дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Аддис-Абеба аз экрани радар нопадид гаштааст.

Дар изҳороти ширкати Ethiopian Airlines омадааст, ки ҳавопаймо дар наздикии вулқони Бишофту суқут кард.

Зимнан зикр мегардад, ки нахуствазири Эфиопия ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...