Баҳри беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон Эрон ба Душанбе сафири нав мефиристад

Дипломати эронӣ Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба робитаҳои бештар наздик бо Душанбе даъват намуда, изҳор дошт, ки барои густариши муносибатҳои Эрону Тоҷикистон аз ҳама гуна имконот истифода хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Tehran Times. Ин изҳорот рӯи якшанбе зимни вохӯрии Собирӣ бо раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон Алӣ Лориҷонӣ садо дод. Раиси парлумон бо зарурати рушду густариши робитаҳо бо […]

Дипломати эронӣ Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба робитаҳои бештар наздик бо Душанбе даъват намуда, изҳор дошт, ки барои густариши муносибатҳои Эрону Тоҷикистон аз ҳама гуна имконот истифода хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Tehran Times.

Ин изҳорот рӯи якшанбе зимни вохӯрии Собирӣ бо раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон Алӣ Лориҷонӣ садо дод.

Раиси парлумон бо зарурати рушду густариши робитаҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод мувофиқ аст, менависад нашрия.

“Тоҷикистон кишвари дӯсту бародарест, ки мо бо он таъриху забони умумӣ дорем”, – иброз доштааст Лориҷонӣ.

Ӯ ҳамчунин илова намудааст, ки ду кишвар дар бахшҳои гуногун муносибатҳои хуб доранд ва ин фазоро мебояд барои бартараф кардани баъзе нофаҳмиҳо истифода кард.

Ёдрас мекунем, ки Муҳаммадтақи Собирӣ ба ҷои Ҳуҷҷатулло Фағонӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд. Ҳуҷҷатулло Фағонӣ муддати зиёда аз чор сол дар ин мансаб фаъолият намуд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон соли 2016, пас аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба конфронси байнулмилалӣ даъват кардани Эрон ба сардӣ гароид. Фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ ва раиси он мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Бино ба маълумоти расмии омории Тоҷикистон, тӯли панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон се баробар – аз қариб 295 млн. доллар дар соли 2013 то ба 97 млн. доллар дар соли 2018 кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.