Журналистон 107-солагии матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз соати 16:00 бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ, ки ба он намояндагони ВАО ва аҳли қалам даъватӣ ҳастанд, беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо, инчунин нишони «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» […]

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз соати 16:00 бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ, ки ба он намояндагони ВАО ва аҳли қалам даъватӣ ҳастанд, беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо, инчунин нишони «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ мешаванд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, , илова бар ин, ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқотҳо дар самти ВАО тақдим мегардад.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” (соли 1912) таҷлил карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ);  239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ); 34 шабакаи телевизионӣ (8 давлатӣ ва 26 ғайридавлатӣ); 30 радио (6 давлатӣ ва 24 ғайридавлатӣ); 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ) ва 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.