Анҷоми рисолати сафири навбатии Эрон дар Тоҷикистон

Рисолати сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулл Фағонӣ, ки охири соли 2014 ба ин вазифа таъин шуда буд, ба анҷом мерасад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳафтаи гузашта Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, сафири Эрон […]

Рисолати сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулл Фағонӣ, ки охири соли 2014 ба ин вазифа таъин шуда буд, ба анҷом мерасад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳафтаи гузашта Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, сафири Эрон иброз доштааст, ки баъди бозгаштан ба шаҳри Теҳрон низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо иброз доштаанд, ки Тоҷикистону Эрон аз қадим соҳиби забон ва фарҳанги муштарак буданд ва минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи театру синамо ва табодули таҷриба бисёртар хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири нави Теҳрон дар Душанбе Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъин шудааст, ки қаблан ба ҳайси муовини Раёсати молияи Вазораи корҳои хориҷии ин кишвар фаъолият дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.