Туҳфаи 10 Гб интернети “Мегафон Тоҷикистон” барои смартфонҳои “галактикии” Samsung

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Samsung Electronics” иқдоми муштаракро оғоз менамояд. Ҳангоми харидани смартфонҳои Samsung – намудҳои Galaxy S10е, Galaxy S10 ё Galaxy S10+ муштарии оператор бастаи трафики интернети мобилиро туҳфа гирифта, дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои маъруф пайдо менамояд. Бастаи эксклюзивии «Galaxy 10» як маротиба – дар лаҳзаи харидани смартфони дар доираи иқдом ширкаткунанда […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Samsung Electronics” иқдоми муштаракро оғоз менамояд. Ҳангоми харидани смартфонҳои Samsung – намудҳои Galaxy S10е, Galaxy S10 ё Galaxy S10+ муштарии оператор бастаи трафики интернети мобилиро туҳфа гирифта, дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои маъруф пайдо менамояд.

Бастаи эксклюзивии «Galaxy 10» як маротиба – дар лаҳзаи харидани смартфони дар доираи иқдом ширкаткунанда пайваст карда мешавад. Ба баста 10 Гб трафики бо суръати баландтарин пешниҳодшаванда, инчунин шабакаҳои иҷтимоии ройгони Facebook, Instagram ва мессенҷерҳои Viber, WhatsApp ва Telegram ба муҳлати як моҳ дохил гардидаанд. Шурӯъ аз моҳи дуюм ва минбаъд арзиши пайвасткунии бастаи мазкур 110 сомониро ташкил хоҳад дод. 

“Телефони силсилаи “даҳум”-и Samsung худ барои муштарӣ туҳфаи беҳтарин аст. Экрани иммерсивӣ бо эффектҳои воқеӣ, имкони аксгирӣ ва наворгирии босифат, ҳифзи садфоизаи маълумот – ин танҳо яке аз якчанд ҷиҳатҳои мусбати намудҳои нави телефон ба шумор мераванд. Бастаи ройгон, ки мо ба харидорони ин смартфонҳо туҳфа мекунем, имкон медиҳад, ки интернети мобилӣ аз дақиқаҳои аввалин истифода ва иқтидори бузурги силсилаи Galaxy 10 санҷида шавад”, – изҳор медорад директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://megafon.tj/aktsii/vse-aktsii/galaxy-10/

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.