Парлумон таъсиси МОИ-ро дар ҷануби кишвар маъқул шуморид

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Кӯлоб” ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки сармоягузорон аз Чин ва кишварҳои узви ИДМ аллакай ба ин МОИ-и нав таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Кӯлоб” ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки сармоягузорон аз Чин ва кишварҳои узви ИДМ аллакай ба ин МОИ-и нав таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, сармоягузорони Чин ба сохтмони корхонаи дӯзандагиву бофандагӣ (текстил) ва тоҷирон аз кишварҳои хориҷи наздик ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти ғизойӣ дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии оянда дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар бораи таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” қарор қабул шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.