Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба ширкатҳои воридкунандаи ашёи хом ба Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексҳои андоз ва гумрук ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Карим Гулмуродзода изҳор дошт, ки дар тағйироту иловаҳо озод кардани воридоти ашёи хом ба кишвар барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексҳои андоз ва гумрук ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Карим Гулмуродзода изҳор дошт, ки дар тағйироту иловаҳо озод кардани воридоти ашёи хом ба кишвар барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Ин муқаррарот ба ашёи хоме, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, дахл надорад.

Руйхати пурраи ашёи хомеро, ки воридоташ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад, ҳукумати Тоҷикистон таҳия мекунад.

Бино ба гуфтаи Гулмуродзода, мавҷуд набудани баъзе аз навъҳои ашёи хом дар дохили ҷумҳурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ мушкилот пеш меорад ва тағйироту иловаҳои қабулшуда бо мақсади ҳаллу фасли ин масъала қабул шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.