Сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ аз оғози сол 6 фоиз қимат шуданд

Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тӯли соли охир ба андозаи 6 фоиз боло рафт. Айни замон нархи фурӯши як грамм тилло аз ҷониби Бонки миллӣ тақрибан 420 сомонӣ (наздики 45 доллар)-ро ташкил медиҳад. Нархи сабикаи тилли вазнаш 10 грамм дар ҳаҷми 4 ҳазору 203 сомонӣ ва арзиши хариди он 4 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тӯли соли охир ба андозаи 6 фоиз боло рафт. Айни замон нархи фурӯши як грамм тилло аз ҷониби Бонки миллӣ тақрибан 420 сомонӣ (наздики 45 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Нархи сабикаи тилли вазнаш 10 грамм дар ҳаҷми 4 ҳазору 203 сомонӣ ва арзиши хариди он 4 ҳазору 105 сомонӣ муқаррар шудааст, хабар дода мешавад дар сомонаи БМТ.

Дар ҳамин давраи соли гузашта Бонки миллӣ сабикаҳои чунин вазнро бо нархи 3 ҳазору 926 сомонӣ фурӯхта, бо арзиши 3 ҳазору 966 сомонӣ мехарид. Ҳамин тариқ, давоми сол арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ ба андозаи 6% фоиз боло рафтааст.

Ба ҷуз сабикаҳои 5-граммӣ Бонки миллӣ ҳамчунин сабикахои тиллои вазнашон 10, 20, 50 ва 100-граммиро низ мефурӯшад. Сабикаҳои покшудаи тилло аз моҳи июни соли гузашта ба муомилоти озод бароварда шуданд.

Арзиши фурӯш ва харидории сабикаҳо ҳамарӯза бо пули миллӣ муқаррар мешавад. Нархи 1 грамми тилло дар сабика ба вазни умумии он вобастагии зиёд дорад. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуд: соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо истеҳсол шуд.

Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар ба андозаи 16,9% афзуд, хабар дода буд Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Дар Вазорат аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар соли гузашта худдорӣ мекунанд.

Аммо бо назардошти соли 2017 дар Тоҷикистон истеҳсол шудани 5,5 тонна металли рақами 1, метавон тахмин зад, ки соли гузашта бо назардошти афзоиш дар ҳаҷми 16,9% беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо истеҳсол шудааст.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.