Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба болоравии тарифҳо ба интернет ғайриқонунӣ аст?

Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернети мобилии NGN ва зангҳои байнишабакавӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад. Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии кишвар дар бораи санҷиш ва бақайдгирии фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернети мобилии NGN ва зангҳои байнишабакавӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии кишвар дар бораи санҷиш ва бақайдгирии фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019 ба моддаи 89 қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” посух дод.

Ин ҷавоб дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” низ қарор гирифт.

Мутобиқи моддаи 89-и қонуни мазкур, Вазорати адлия мутобиқати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дорои хусусияти умумии ҳатмии вазорат, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди президенти Тоҷикистонро месанҷад.

Санандҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз бақайдгирии давлатӣ нагузаштаанд, оқибатҳои қонунӣ надошта, ҳамчун мавриди амал қарорнагирифта барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва истифодаи ҷазо барои иҷро нашудани таъиноти дар он зикргардида асос шуда наметавонанд.

Дар посухи Вазорати адлия бо имзои муовини вазир Абдуманнон Хоиқзода қайд мешавад, ки фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ба вазорат ворид нагашта, дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ин бармеояд, ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нарх ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио