Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими Фаронса “Равзана” рӯзи 26 март дар шаҳри Париж бо иштироки ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон – Абдувалӣ Абдурашидов, танбурнавози шинохтаи Тоҷикистон, директори Академияи “Шашмақом”-и Тоҷикистон ва Озодахон Ашӯрова, мақомсаройи маъруфи Тоҷикистон ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз зери унвони “Навои Наврӯз”шоми фарҳангӣ, баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазрати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, дар расми ифтитоҳи шоми фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо сухани шодбошӣ аҳли толорро бо фарорасии ҷашни фархундапайи Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бо ёдрасӣ аз таърих, мазмуну моҳият ва арзишҳои муқаддаси ин ҷашни ниёгон ба меҳмонони маҳфил шоми фораму гуворо таманно намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фазои идона аҳли толор ва ҳаводорони фарҳангу санъати волои тоҷик имкон доштанд, ки аз навои дилчаспи суруду таронаҳо ва рақси миллӣ бо як дунё нишоту фараҳ баҳра гиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


