Ҷавобгарии натанҳо маҳбусон, балки намояндагони маъмурияти зиндони Хуҷанд низ ба исён

“Барои ташкили исён ва бетартибиҳо дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта рух дод, 33 нафар маҳкумшудагон дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд”, – изҳор дошт прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иылосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ. Бино ба гуфтаи ӯ, дар аробари маҳкумшудагон ҳамчунин 9 нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Барои ташкили исён ва бетартибиҳо дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта рух дод, 33 нафар маҳкумшудагон дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд”, – изҳор дошт прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иылосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар аробари маҳкумшудагон ҳамчунин 9 нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд. Мурофиаи баррасии ин парванда имрӯзҳо пушти дарҳои пӯшида дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.

Онҳо аз рӯи қисми 2, моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ( Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ошӯб дар зиндони зикршудаи шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳкумшудагон барои терроризму ифротгароӣ низ адои ҷазо мекунанд, шаби 8 ноябри соли 2018 сар зада, баъди чанд соат саркӯб карда шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумот Душанбеи расмӣ, 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Баъди гузашти муддате аз ҳодиса якчанд нафар кормнадони муассиса бо шумули сардори он Файзуллоҷон Сафаров ба ҳабс гирифта шуданд. Сипас Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва 7 нафар прокуророни нозироти прокуратури вилояти Суғд аз мақомҳояшон  барканор шуданд.

Рӯзи 23 ноябр Мансурҷон Умаров, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.