Боздошти тоҷикистониён дар Олмон ба гумони терроризм

Дар Олмон 11 нафарро, ки ба гумони иртибот бо созмони террористӣ боздошт шуда буданд, ҷавоб доданд Аксари ин нафарон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора АИ Фергана ба Bild истинод меорад. Боздоштҳо рӯзи 29 март дар Дюсселдорф, Эссен ва баъзе шаҳрҳои дигар сурат гирифтанд. Онҳо аз ҷониби воҳиди таъминоти махсуси пулис гузаронида шудаанд. Сабаби боздошт, […]

Asia-Plus

Дар Олмон 11 нафарро, ки ба гумони иртибот бо созмони террористӣ боздошт шуда буданд, ҷавоб доданд Аксари ин нафарон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора АИ Фергана ба Bild истинод меорад.

Боздоштҳо рӯзи 29 март дар Дюсселдорф, Эссен ва баъзе шаҳрҳои дигар сурат гирифтанд. Онҳо аз ҷониби воҳиди таъминоти махсуси пулис гузаронида шудаанд. Сабаби боздошт, тибқи маълумоти Deutsche Welle, ҳодиса дар Эссен шудааст, ки дар он ронандаи 19-сола аз Тоҷикистон бо суръати баланд ба роҳи пиёдгарард баромадааст (ҳеҷ касе осеб надида, ронанда боздошт ва ҳолатҳои ҳодисаро айни замон мақомоти пулис таҳқиқ мекунад).

Дар ҷараёни амалиёти баъдина 11 нафар – 9 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчунин шаҳрвандони Туркия ва Олмон боздошт шудаанд.

Дар ҷараёни кофтуков аз шахсони муваққатан боздоштшуда на маводи тарканда дарёфт шудаасту на аслиҳа, лекин вобаста ба гумонбарӣ ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани “ҷинояти ҷиддии зиддидавлатӣ” тафтишот идома дорад.

Далелҳои робита доштани ин одамон бо ронанда аз Тоҷикистон мавҷуд нест. Дар ҳамин ҳол, чанде аз онҳо дар алоқа доштан бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба содир намудани “ҷинояти ҷиддии зиддидавлатӣ” гумонбар дониста мешаванд.

Манбаъҳои “Ахбор” дар диаспораи тоҷикон дар Олмон хабар додаанд, ки тибқи маълумоти онҳо, боздоштшудаҳо пайравони ҷараёни фаъолияташ дар Тоҷикистон низ манъшудаи Салафия мебошанд.

Бино ба арзёбии коршиносон дар соҳаи амният, ки Deutsche Welle онҳоро зикр кардааст, дар қаламрави кишвар садҳо “ҷиҳодиёни қодир ба содир намудани ҷиноятҳои ҷиддӣ” ҳузур доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.