Эмомалӣ Раҳмон дар шимоли Тоҷикистон парчамҳои нави давлатиро барафрохт

Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Суғд идома дорад. Сарвари давлат то 3 апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ қарор хоҳад дошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчамҳои нави давлатӣ барафрохта шуданд, ки баландии пояи онҳо […]

Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Суғд идома дорад. Сарвари давлат то 3 апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ қарор хоҳад дошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчамҳои нави давлатӣ барафрохта шуданд, ки баландии пояи онҳо 50 метрро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Гулистон Сарвари давлат ба фаъолияти боғчаи бачагона ва корхонаи истеҳсоли арматураи “Маҳмуд ва Компания”, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба оғози кори беморхонаи ноҳиявӣ ва бинои Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ҳусни оғоз бахшид.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен қарор дошта, дар маросими ба истифода додани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи мазкур иштирок кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.